Шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким дирӯз , 24-уми январ бо хонандагони мактаби миёнаи рақами 5-и шаҳри Душанбе вохӯрӣ анҷом дод. 

Хонандагон аз рӯи ашъори шоир барномаи якунимсоата омода карда, онро бо ҳунармандии тамом иҷро карданд.

Инчунин онҳо дар бораи фаъолияти шоир бо чаҳор забон — тоҷикӣ, русӣ, инглисӣ ва чинӣ сӯҳбат карданд.

“Банда ба директори мактаб, муаллимаҳо, китобдор ва ҳамаи хонандагон барои чунин барномаи муфассал ва иҷрои ҳунармандонаи он самимона изҳори сипос мекунам” – навиштааст Аскар Ҳаким дар саҳифаи фейсбукии худ.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед!   https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here