Рӯзҳои наздик дар шаҳри Душанбе баргузории барномаи консертӣ таҳти унвони “Шарораи хотираҳо” бо иштироки устодони санъати касбии тоҷик дар назар аст.

Баргузории консерт санаи 22-юми июни соли равон дар толори Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Ҷӯраев ба нақша гирифта шуда, устодони санъати тоҷик, ҳунармандони ансамбли эстрадии “Гулшан” Исматулло Холов, Умар Зиёев, Баҳодур Неъматов, Раҳима Шалоэр, Бахтиёр Иброҳимов ва дигарон ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.

Меҳмони махсуси ин барнома Махфират Ҳамроқулова овозхони шинохтаи кишвар мебошад, ки тӯли чанд соли охир дар Амрико иқомат мекунад.

“Аз раҳи дур омадааст, то мухлисонашро бо сурудҳои дилангезаш шод гардонад. Ҳанӯзам садояш побарҷост, равшандил ва завқи баланд дорад. Мухлисонашро пазмон шудааст…”,-навиштааст Исматулло Холов, овозхони номии кишвар дар саҳифаи Фейсбукии худ.

Махфират Ҳамроқулова то замони аз Тоҷикистон рафтанаш дар ансамбли эстрадии “Гулшан” фаъолият мекард. Ансамбли эстрадии “Гулшан” соли 1964 таъсис ёфта, Кароматуллои Қурбон, Махфират Ҳамроқулова, Умар Зиёев, Раҳима Шалоэр, Муқаддас Набиева, Хурмо Ширинова, Тоҷиддини Муҳиддинов, Баҳодур Неъматов аз аввалин ҳунармандони ин ансамбл буданд.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here