Овозхони номии Русия, Марина Максимова (Абросимова), ки бо тахаллуси саҳнавии Максим машҳур аст, ба садамаи нақлиётӣ дучор шудааст.

Дар ин бора рӯзи 23-юми апрел продюсери овозхон, Маргарита Соколова дар саҳифаи “Инстаграм”-и худ хабар додааст.

“Сарояндаи дӯстдоштаи ҳамаи шумо, Максим дар роҳи фурӯдгоҳ ба садамаи нақлиётӣ дучор шуд. Ӯ дар бозгашт ба сӯи Маскав барои наворбардории намоҳанги “Абонент недоступен” шитоб мекард. Лаҳзаҳои даҳшатнок паси сар шуд ва Марина дар зери назорати беҳтарин пизишкон қарор дорад”,-навиштааст Соколова дар “Инстаграм”.

Марина Абросимова Сергеевна 10-уми июни соли 1983 дар шаҳри Қазони Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Русия ба дунё омадааст. Ҳанӯз соли 1998 қадамҳои нахустини хешро ба ҷодаи санъат гузошта буд ва нахустин таронааш “Заведи” ном дошт. То имрӯз 6 албоми таронаҳои овозхон бо зиёда аз 1,5 миллион нусха пешниҳоди ҳаводорони ҳунараш гаштааст.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here