Овозхони машҳури рус, Максим (Марина Абросимова) худро ниҳоят хуб эҳсос мекунад ва ният дорад, ки ҳафтае пас аз бемористон ба хонааш гузарад.

“Рӯз аз рӯз ӯ худро беҳтару хубтар ҳис карда, вазъи саломатияш низ рӯ ба беҳбудӣ овардааст. Ба ҳамин хотир ният дорем, ки дар муддати як ҳафта ва камтар аз он ӯро ба хона интиқол диҳем”,-гуфтааст Маргарита Соколова, продюсери овозхон дар сӯҳбат бо сомонаи “РИА Новости”.

Гуфта мешавад, ки ҳоли овозхон пас аз садама беҳад вазнин арзёбӣ шуда, чанд муддат дар шӯъбаи эҳё бистарӣ буд ва танҳо баъди хуб шудани аҳволаш ӯро ба утоқи алоҳида гузарониданд.

Овозхон рӯзи 23-юми апрели соли ҷорӣ дар роҳ ба сӯи фурӯдгоҳ, ки барои дер намондан аз ҳавопаймо шитоб мекард, ба садамаи нақлиётӣ дучор шуда, то ҳол дар бемористон бистарӣ аст. Айни ҳол ба саломатии Максим хатаре таҳдид намекунад ва ҳолаш комилан хуб аст.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here