Уле Гуннар Сулшер, ки ҷойгузини роҳбари “девҳои сурх” Жозе Моуринё буд, бо дастаи Манчестер Юнайтед шартномаи сесола ба имзо расонид.

Бошгоҳ баъд аз чанд моҳи барканор кардани муттахассиси португалӣ Жозе Моуринё аз вазифаи сармураббии даста, бо иҷрокунандаи ин вазифа, ки муттахасиси норвегӣ Уле Гуннар Сулшер буд, шартномаи сесола ба имзо расонид, аз ин бошгоҳ дар саҳифаи Твиттерии худ хабар додааст.

Сулшер моҳи декабри соли гузашта, баъди барканории Моуринё ба иҷрокунандаи ин вазифа пазируфта шуда буд. Шартномаи ӯ бо даста то охири мавсими соли ҷорӣ буд. Пас аз нишон додани натиҷаҳои назаррас ва боло бурдани имиҷи даста, роҳбарияти бошгоҳи мазкур ба ӯ шартномаи сесоларо пешниҳод намуд.

Сарчашма: booms.tj

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here