Ҳунарманди муваффақи форсизабон Мансур ва ситораи тобноки эстрадаи тоҷик Нобовар Чаноров дар дуввумин Фестивали тобистонаи Душанбе ҳунарнамоӣ мекунанд.

Имрӯз, 17-уми август дар шаҳри Душанбе дуввумин Фестивали тобистона баргузор мегардад. Дар он сарояндаи саршиноси форсизабон Мансур Ҷаъфарӣ ва ҳунарманди муваффақи тоҷик Нобовар Чаноров баромад мекунанд.

Дар фестивал шуморо фазои афсонавӣ, шари паррон, тарабхона дар фазои кушод, минтақаи кӯдакона, ярмаркаи ҳунармандон ва аз ҳама ҷолиб, консерт дар фазои кушод интизор аст.

Макони баргузории фестивал “Наврӯзгоҳ”-и пойтахт мебошад. Нархи даромад 25-сомонӣ.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here