Сӯҳбати сарироҳии хабарнигори сомонаи «Padida» бо сарояндаи муваффақи форсизабон Мансур Ҷаъфарӣ, ки барои иштирок дар дуввумин Фестивали тобистонаи Душанбе омадааст, пешкаши Шумо мегардад.

Мансур, хуш омадед ба Тоҷикистон!

-Мерсӣ, азизам!

-Охирин сафаратон ба Тоҷикистон соли 2013 буд, чӣ таъғироте дар Тоҷикистон мебинед?
-Хеле тағйир карда. Ҳаво хеле гарм аст, баъзан нафасгир мешавӣ (механдад). Аз порку биноҳо то хиёбонҳо, ҳама тағйир ёфта. Тоҷикистон сол то сол зеботару қашангтар шуда истодааст. Вақте ман Тоҷикистон меоям, худро дар ватани худ эҳсос мекунам.

-Ба мухлисони худ дар Фестивал чӣ армуғон доред?

-Армуғони ман барои эшон ин аст, ки албоми ҷадиди таронаҳоямро бори аввал ин ҷо муаррифӣ мекунам.

-Албоми ҷадид аз албомҳои пешин ягон фарқияте дорад?

-Бале, ин албом дар худ паёме дорад. Паёмро Шумо метавонед аз таронаи “Таърихи Ирон” дарёфт кунед.

-Порчае аз таронаи “Таърихи Ирон”-ро  имрӯз шунидам, дар худ оҳанги сиёсӣ дорад. Чаро имрӯзҳо сарояндагони Эрон ба таронаҳои сиёсӣ рӯй оварда истодаанд, аз он ҷумла худи Шумо, сабаб чист?

-Бубин, зиндагии мо ба сиёсат рабт дорад. Чун ман ҳар ҷои дунё бирам, маро ба унвони як иронӣ мешиносанд. Вале, як сиёсатмадори иронӣ, ҳарфи баде дар фазои байнамиллалӣ мезанад, ба исми Ирон он тарафро мешиносанд. Чун ман низ як ирониям ба мавқеи иҷтимоии ман таъсири худро мерасонад. Сиёсатмадороне, ки мардуми Эронро дар хориҷ муаррифӣ мекунанд, наметавонанд ҳарфои иштибоҳе бизананд, ки ин метавонад ба мардуми иронии дар хориҷ кору зиндагӣ мекарда, зарари худро бирасонад. Як ҳарфҳои ғайриахлоқӣ, ғайрииҷтимоӣ, дурӯғҳои бад, ки моро низ хиҷолатзада мекунад. Ба хотири ин, ман худамро масъул мебинам, ки оиди ин нигарониам бештар ҳарф бизанам. Интихоби ман аст, ки ҷойи дигар зиндагӣ кунам, лекин иштибоҳоте, ки инҳо анҷом медиҳанд, онҷо низ барои мо мушкилсоз аст.

 -Бо кадоме аз сарояндагони тоҷик дӯстӣ доред?

-Бо оқои Садриддин, ки ҳоло дар Амрикост, баъзан дидор мекунем ва ҳамкорӣ низ мекунем. Садриддин барои мардуми тоҷик як нобиға аст, гӯям иштибоҳ намекунам. Ӯро дӯст доред.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here