20-уми май ду шоҳсутуни адабиёти муосири тоҷик, устодон Мӯъмин Қаноат ва Лоиқ Шералӣ зодрӯз доранд. Ин ду шахсияти барҷаста барои рушди адабиёт ва фарҳанги миллати мо нақши носутурданӣ гузошта, барои муаррифии шеъри тоҷик дар ҳавзаи форсизабонон саҳмашон шоиста аст.

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта, пас аз марги устод Мӯъмин Қаноат як зумра зиёиён пешниҳод намуданд, ки ба бузургдошти ин шоири ҳамосасаро ва парвардаи мактаби адабии ӯ – шоири навгарову миллатдӯст Лоиқ Шералӣ, 20-уми май дар кишвар Рӯзи шеър эълон карда шавад. Вале ин пешниҳод, аз ҷониби Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Ҳукумати кишвар то ҳол дастгирӣ наёфтааст. Бинобар ин, сомонаи Padida.tj дар ҳамкорӣ бо як зумра ҷавонони фаъол аз 16 то 20-уми майи соли ҷорӣ Марафони шеър эълон мекунад.

Дар ин Марафон алоқамандони шеъри Мӯъмин Қаноат ва Лоиқ Шералӣ новобаста аз синну сол ва касбу кор ширкат карда метавонанд.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоиро мебояд, ки яке аз шеърҳои ин ду шоирро интихоб карда, дар навор қироат намоянд ва дар саҳифаи худ бо ишораи хештеги #marafon_Qanoat_Loiq гузоранд. Ҳамчунин, онҳое ки ба сомонаҳои иҷтимоӣ дастрасӣ надоранд, метавонанд ба идораи сомонаи Padida.tj биёянд ва шеърҳои худро дар студияи мо қироат кунанд.

Барои қироати беҳтарин, дастандаркорони Марафон тӯҳфаҳои арзишманд омода кардаанд. Шоҳҷоизаи Марафон планшет аст. Наворе, ки аз ҳама зиёд тамошо карда мешавад, шарҳи зиёд мегирад ва писанди корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ мешавад, соҳиби Шоҳҷоиза мегардад. Ҳамчунин, ба иштирокчиён китобҳои мухталифи бадеӣ ҳадя карда мешавад.

Дар Марафони шеър иштирок намо ва соҳиби планшету китоб шав!

Ишораи хештеги #marafon_Qanoat_Loiq ва пайванд бо саҳифаи Padida.tj ҳатмист!

Анҷоми марафон санаи 20 майи соли 2019

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here