Ҳамасола санаи 30-юми сентябр дар сартосари Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдбуди шоир ва мутафаккири форсу тоҷик Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ (Румӣ) таҷлил карда мешавад.

Имсол низ санаи 30-юми сентябр, соати 14:00 дар толори бузурги Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҳфили шеъру тарона таҳти унвони “Ширу шакари Мавло” баргузор мегардад.

Маҳфилорои базми шеъру тарона Шоири халқии Тоҷикистон Толиб Карими Озарахш мебошад. Бо истифода аз фурсати муносиб хоҳишмандонро ба маҳфил даъват менамоем.

Ёдовар мешавем, ки соли 2007 бо тасмими ЮНЕСКО дар сартосари ҷаҳон, аз ҷумла дар шаҳрҳои Душанбе ва Кобул 800-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ (1207-1273) таҷлил гардида, ба ин муносибат ҳамоиши байналмилалии илмӣ таҳти унвони “Ҷалолиддин Румӣ ва гуфтугӯи фарҳангҳо” баргузор гардида буд.

Маъруфтарин мероси адабии шоир “Маснавии маънавӣ” ба шумор меравад.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here