Ҳунарпешаи муваффақ ва саршиноси театр ва синамои тоҷик, Марям Исоева шеъри “Дили зебопарастам”-и шоираи шаҳири тоҷик Мавҷуда Ҳакимоваро барои ҳаводорони рубрикаи “Бигзор ҳама хонанд”-и сомонаи мо қироат кард.

Пеш аз қироати шеъри мазкур, ҳунарпешаи халқӣ чунин қайд кард:

“Ин шеърро ба хотири ёдбуди дугонаи ҷониам Мавҷуда Ҳакимова мебахшам. Боре ба ӯ гуфта будам, ки ҳама ашъоратро ба як паҳлӯи тарозу ва шеъри “Дили зебопарастам”-ро ба дигар паҳлӯи тарозу мегузорам.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз ҳунарпешаи халқӣ Марям Исоева рӯзи милод дорад. Мавсуфро аз номи кулли хонандагон ва гурӯҳи эҷодии сомонаи “Padida” шодбош мегӯем.

Солрӯзи ҳунарпеша натанҳо ба хонандагон ва эҷодкорони сомона, балки барои ҳар фарди миллати тоҷик рӯзи муборак ва хуҷаста мебошад. Зеро Марям Исоева ҳаёти худро фидои санъати театр ва синамои тоҷик намуда, дар пешрафти санъати ҳунарварӣ саҳми боризи хешро гузоштааст.

Марям Неъматовна Исоева – 1 майи соли 1937 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омадааст. 

Соли 1954 мактаби миёнаро дар шаҳри Душанбе хатм намудааст.

1956-1960 дар Институти давлатии санъати театрии ба номи А.В. Луначарский дар ш. Маскав таҳсил кардааст.

Баъди хатми институт солҳои 1960-1961 ҳамчун ҳунарпешаи Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи К. Хуҷандӣ хунарнамой кардааст.

Аз соли 1961 то инҷониб ҳунарпешаи Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ мебошад.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here