Маркази продюсерии Максим Фадеев “MALFA” шартномаи ҳамкории худро бо овозхони ӯзбек Наргиза Зокирова қатъ кардааст.

Дар ин бора овозхон дар саҳифаи Инстаграми худ хабар додааст.

Маркази продюсерии “MALFA” як рӯз қабл аз консерт ба овозхон мактуб ирсол карда, аз баргузории консертҳо дар шаҳрҳои Воронеж ва Ростов-на-Донуи Русия худдорӣ кардааст.

Овозхон изҳор доштааст, ки ӯ ва дастааш ният доштанд ҳама хатар ва вазъияти ногуворро сарфи назар карда, барои консерт ба сафар бароянд, вале “MALFA” ногаҳон ба онҳо мактуб равон кардааст.

“Маркази продюсерии “MALFA” шартномаи миёни моро бекор карда, маро аз истифодаи асарҳои мусиқавии худ маҳрум кардааст. Ҳамчунин, онҳо аз сафар ва баргузор кардани консертҳо бо иштироки ман худдорӣ кардаанд”,-навиштааст овозхон дар саҳифаи Инстаграми худ.

Овозхон афзудааст, ки консертҳои минбаъдааш дар шаҳрҳои Юрмала, Красногорск ва Чайковский шояд баргузор нагарданд, зеро маркази продюсерии Максим Фадеев дархости овозхонро дар бобати баргузории консертҳо рад кардааст.

“Хеле афсӯс мехӯрам, ки вазъияти ба амал омада ба дидори ману шумо монеъ шуд. Хотиррасон мекунам, ки чунин ҳодиса дар ҳаёти ман бори аввал нест. Силсилаконсертҳои ман дар моҳи майи имсол дар Амрико мазҳ бо айби маркази продюсерии “MALFA” баргузор нагардид”,-илова кардааст овозхон.

Овозхон аз кулли ташкилкунандагони барномаҳои консертӣ барои дуруст дарк карданашон изҳори миннатдорӣ карда, ба мухлисонаш ваъда додааст, ки ҳатман бо онҳо дидор мекунад.

“Ман ҳатман бо шумо вомехӯрам. Мо шабнишинӣ ҳам ташкил хоҳем кард. Инчунин, мо мерақсему хурсандӣ мекунем, вале таҳти дигар мусиқӣ, мусиқии нав, мусиқии ман”.

Аз рӯи сарчашмаҳо, Наргиза бо Максим Фадеев ҳанӯз соли 2014 ҳамкории худро оғоз карда буданд ва суруди “Ман аз они ту нестам” (“Я не твоя”) аввалин таронае буд, ки Фадеев барои овозхон иншо намуда буд.

Наргиза Зокирова соли 1970 дар Ӯзбекистон ба дунё омада, аз соли 1995 дар шаҳри Ню-Йорки Амрико зиндагӣ мекунад ва шаҳрвандии Амрикоро низ дорад. Роҳи ӯ ба Русия соли 2013 замоне боз шуд, ки дар лоиҳаи телевизионии “Садо” (“Голос”) иштирок карда буд.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here