Муаллифи рэптаронаи машҳури “Медуза”, MATRANG бо барномаи ҷадиди консертӣ бори нахуст ба шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ташриф меорад, иттилоъ медиҳад Sputnik Ӯзбекистон.

Қарор аст, барномаи консертӣ санаи 14-уми июн дар майдони тобистонаи “Туркистон” баргузор бигардад.

Чиптаҳо аз 200 ҳазор сӯм то 350 ҳазор сӯми ӯзбекӣ (аз 23 доллар то 42 доллари амрикоӣ) нархгузорӣ шуда, хоҳишмандон метавонанд аз ҳоли ҳозир дастрас намоянд.

Номи аслии рэпсаро Алан Хадзарагов Аркадевич буда, MATRANG тахаллуси саҳнавияш мебошад ва “Медуза” аз машҳуртарин треки рэпсаро ба ҳисоб меравад.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here