Вазъи саломатии муштзани тоҷик Мавзуна Чориева пас аз садамаи нақлиётии оилавӣ хуб арзёбӣ карда мешавад.

Қаблан расонаҳои кишвар иттилоъ дода буданд, ки Мавзуна ва якчанд узви оилааш дар роҳ ба садамаи нақлиётӣ дучор шудаанд.

Худи Мавзуна дар барномаи интернетии “Имшаб” овозаи ба садама дучор шуданашро тасдиқ карда, афзудааст, ки айни замон аҳволаш хуб аст.

“Якшанбеи ҳафтаи гузашта ману апаам ва домодамон ба хонаи онҳо сафар доштем. Дар ҷое, ки гузаргоҳ набуд, як зан аз роҳ мегузашт ва домодамон нахост, ки ба ӯ зарар бирасад. Ҳамин тавр мошин ба сутуни канори роҳ бархӯрд. Ба ягон мошин ва нафарони бегона зарар нарасид. Аъзои оилаам камтар ва ман зиёдтар чароҳат бардоштем, ки ҳоло ҳамааш хуб аст”.

Мавзуна Чориева оиладор ва шавҳараш Амон Бобоев низ варзишгар мебошад. Онҳо бо номи Осия духтарчае доранд. Осия ба варзиш шавқ дорад, вале модараш намехоҳад ӯ варзишгар шавад.

“Бисёр кӯшиш мекунам, ки варзишгар нашавад, вале хоҳиш дорад. Намуди варзиши таэквондоро дӯст медорад. Ман ҳамчун модар ба ӯ тарбияи хуб дода метавонам, вале намехоҳам варзишгар шавад. Зеро ӯ азобҳои кашидаи маро накашид ва дар муҳити тамоман дигар калон шуд. Бигзор варзишгар шавад, танҳо барои саломатӣ, вале дар сатҳи касбӣ не”.

Мавзуна Чориева зодаи шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон буда, дорандаи медали нуқраи Чемпионати Осиё (2012), медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон (2012) ва медали биринҷии Бозиҳои олимпӣ мебошад.

Хатмкардаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С.Раҳимов (2014) буда, дорандаи Ордени “Шараф” дараҷаи II (2012) ва Устоди хизматнишондодаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here