Овозхони ҷавону муваффақи тоҷик Меҳрнигори Рустам таронаи “Рақс бикун” – и ҳофизи саршиноси тоҷик, шодравон Муборакшо Мирзошоевро бозхонӣ намуд.

Таронаи мазкурро Меҳрнигор муштарак бо сарояндаи ҷавон Некрӯз Ниёзов бозхонӣ намудааст. Тарона ва намоҳанги он дар саҳифаи YouTube-и Меҳрнигори Рустам дастрас мебошад.

Ёдовар мешавем, ки Меҳрнигор бори аввал нест, ки сурудҳои сарояндагони номии гузаштаи тоҷикро бозхонӣ мекунад. Ӯ чанде пеш таронаи “Маҷнун набудам” – ро бозхонӣ намуда буд, ки аз ҷониби мухлисонаш хеле хуб пазируфта шуд.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here