Меҳрнигор, Зулайхо ва Мадина овозхонҳои ҷавон ва муваффақи тоҷик ба сафи 13 сарояндагони зеботарини Осиёи Марказӣ шомил шудаанд.

Аз Тоҷикистон дар раддабандии зеботарин бонувони сарояндаи Осиёи Марказии нашрияи Чинии “Роҳи абрешими нав” овозхонҳои ҷавон, Меҳрнигори Рустам, Зулайхо Мамадшоева ва Мадина Ақназарова шомил шудааснд.

Ба ин раддабандӣ 13 сароянда аз чори кишвари Осиёи Марказӣ, Тоҷикистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон дохил шудаанд.

Расона, ки бо забони Чинӣ нашр мешавад, менависад: ” Ба ҳама маълум аст, ки Осиёи Марказӣ бо чеҳраҳои зебои бонувони худ хеле маъруф аст, вале дар баробари зебо будан ҳастанд хонумҳое, ки истеъдоди баланд доранд”.

Дар муаррифии Зулайхо Маҳмадшоева дар зершарҳи акс “овозхони ҷавони поп аз Тоҷикистон” нигошта шудааст. Дар мавриди Мадина Акназарова гуфта шудааст ки: ” овозхони поп, духтари ҷавон бо садои зебо ва дорои симои шарқиёна” ва дар бораи Меҳрнигори Рустам навиштааст: ” овозхон ва оҳангсози тоҷик, ки дар садҳо маҳфил ҳунарнамоӣ кардааст ва дастовардҳои зиёд овардааст”.

Аз кишварҳои ҳамсоя Шаҳзода, Лола Юлдошева, Райҳон, Анжелика, Нозима, Чолпон ва дигарҳо интихоб шудаанд.

Тарҷумон: Фарзон Муҳаммадӣ

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед!   https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here