Сарояндаи ҷавону муваффақи тоҷик Меҳрнигори Рустам шоми 15-уми август ба Амрико рафт.

Меҳрнигор бо мақсади баргузор намудани консерт, барои мухлисони худ ба Амрико рафтааст. Ӯро дар фурудгоҳи байналмиллалии Ҷон Кеннидии шаҳри Ню-Йорк мухлисон ва баргузоркунандагони консерт пешвоз гирифтанд.

Дар навори нашрнамудаи ташкилкунандаи консерти мазкур Умедҷон Аҳмадзода гуфта мешавад, сафари Меҳнигор ба хотири пешвози Истиқлолияти давлатӣ рабт мегирад.

“Сафари Меҳрнигори Рустам рабт мегирад ба Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рӯзи 8-уми сентябри соли равон дар тарабхонаи “Эмир Палас”-и Бруклин консерти ин ҳунарманди Шарқ баргузор мешавад. Чиптаҳоро метавонед аз худи “Эмир Палас” ё аз ташкилкунандагони консерт Умедҷони Каримзод ва Шавқати Аштӣ дастрас намоед”,- гуфта мешавад дар навор.

Инчунин, дар навори видеоӣ Меҳрнигор низ, ҳама мухлисони худро ба консерт даъват менамояд.

-Ташаккур барои пазироии гарматон. Ногуфта намонад, ҳамаи мухлисонамро дар арафаи ҷашни Истиқлолият ба консерти худ даъват менамоям. Марҳамат биёед.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here