Меҳрнигори Рустам овозхони ҷавони тоҷик барандаи мукофоти “Содружество дебютов” (Иттиҳодияи нахустнамоишҳо) дар кишварҳои ИДМ шуд. Инчунин ӯ  барои соҳиб шуданаш ба ин ҷоиза аз модару ҳаводоранаш сипосгузорӣ намудааст. 

Маросими ҷоизасупорӣ рӯзи 9-уми декабр, дар шаҳри Брести кишвари Белорусия пойтахти фарҳангии Иттиҳоди давлатшои мустақил баргузор шуд.

Дар ин бора сароянда дар саҳифаи Инстаграми худ хабар медиҳад.

Ӯ дар саҳифаи худ, зери навори маросими ҷоизасупорӣ чунин навиштааст:

“Шукронаи Аллоҳ, боз соҳиби як ҷоизаи байналмилалӣ гардидам. Ташаккур ба модари азизам ва кулли ҳаводоранам. Кӯшиш мекунам то вақте ҳастам номбардори давлату миллати худ бошам”

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here