Овозхони ҷавон ва шинохтаи тоҷик Меҳрнигори Рустам корти сабз (Green Card)-и Амрикоро соҳиб шуда, ҳоло дар хориҷ аз кишвар зиндагӣ дорад.

Овозхон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтааст, ки корти сабзро ногаҳонӣ соҳиб шуд ва мехоҳад бо таронаҳои хориҷӣ дар шоу-бизнеси Амрико худро санҷида, Тоҷикистонро муаррифӣ намояд.

“Ба даст овардани корти сабзи Амрико дар фикрам набуд. Рӯзе бо дӯстон дар кӯчаҳои Душанбе қадам мезадем. Онҳо пешниҳод карданд, ки барои гирифтани корти сабз санад супорем. Дӯстоне, ки маро ба ин кор ташвиқ карда буданд, ҷавоби манфӣ гирифтанд. Бахт ба рӯйи ман хандид. Нақша дорам, ки бо иҷрои таронаҳо бо забони англисӣ вориди шоу-бизнеси Амрико низ шавам. Шонси худро месанҷам ва кишварамро муаррифӣ мекунам”.

Ҳамчунин, овозхон афзудааст, ки ният дорад дар яке аз донишгоҳҳои Амрико таҳсил намуда, соҳиби маълумоти сеюм бишавад. Ҳоло ӯ дорандаи дипломи Консерваторияи миллӣ ва риштаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.

“Воқеан, дипломи Консерваторияи миллӣ ва ҳуқуқшиносии Тоҷикистонро дорам. То ҷое фаҳмидам, дипломҳои ман дар ин ҷо 50 дарсад эътибор доранд. Хостам, ки ба мактаби мусиқӣ ё донишгоҳе дар Амрико шомил шавам. Аз моҳи декабр ин корро мекунам, барои ин чанд моҳе бояд интизор шавам”.

Ин сафари аввалини Меҳрнигор ба Амрико мебошад ва санаи 8-уми сентябри соли равон дар тарабхонаи “Emir Pаlace”-и шаҳри Ню-Йорк бахшида ба 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустконсерти худро барпо намуд.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here