Сарояндаи ҷавону муваффақи эстрадаи тоҷик Меҳрнигори Рустам дар наворе дида мешавад, ки бо жанри фалак суруд месарояд.

Наворро сароянда дар сафҳаи инстаграми худ нашр намудааст. Дар навор Меҳрнигор суруди “ҳаргиз нагирад” – ро иҷро менамояд.

Меҳрнигори Рустам яке аз сарояндаҳои муваффақи эстрадаи тоҷик мебошад, ки байни мухлисон ҷойгоҳи хоси худро соҳиб мебошад.

Ёдовар мешавем, ки моҳи гузашта Меҳрнигор барандаи мукофоти “Содружество дебютов” (Иттиҳодияи нахустнамоишҳо) дар кишварҳои ИДМ шуда буд.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here