Иҷрокунандаи нақши Меҳрубон дар филми “Дар орзуи падар” Беҳрӯзи Саидро додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ба 15 соли зиндон маҳкум кард.

Бино ба иттилои радиои Озодӣ  ҳукми ҳунарманди ҷавон рӯзи 8-уми июн содир шудааст. Ба қавли манбаъ, ӯро ба “тамаъҷӯӣ бо мақсади ба даст овардани миқдори махсусан калони молу мулк” (қисми чаҳори моддаи 250-и Кодекси ҷиноӣ) гунаҳкор донистаанд.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати манбаъ, се сол аз ҳукми зиндони ӯ бар асоси қонун “Дар бораи афв” кам шудааст.

Ҳамсӯҳбати дигари манбаъ дар Оҷонси мубориза бо фасоди молӣ гуфтааст, Беҳрӯзро се моҳ пеш дастгир карданд.


Ба нақли ӯ, “ҳунарманди ҷавон худро ёвари Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва писари раиси ҷумҳури Тоҷикистон муаррифӣ карда, аз ду соҳибкоре, ки аз дӯсти ӯ қарздор буданд, талаби фавран бозпас додани беш аз 100 ҳазор долларро кардааст.”


Ба сомонаи “Padida» муяссар нашуд, то бо наздикони Беҳрӯзи Саид тамос бигирад. Онҳо ба зангҳои бешумори сомона ҷавоб надоданд.

Беҳрӯзи Саид замоне ки 7 сол дошт, дар силсилафилми “Дар орзуи падар” нақш бозид. Ин филмро аз рӯйи асари нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоев сохтаанд ва он дар оғози солҳои 2000-ум аз филмҳои пуртамошобин дар Тоҷикистон буд.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед!   https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here