Ҳамлагари беҳтарини дастаи “Барселона” ва тими мунтахаби “Аргентина”, Лионел Месси баъди роҳ наёфтан ба финали Лигаи қаҳрамонҳо, мехоҳад клуби каталониро тарк намояд.

Дар ин бора сомонаи “ESPN FC” иттилоъ медиҳад.

Аз рӯи маълумотҳо, Месси аз ҳайат ва сармураббии дастаи ҳозираи худ норозӣ аст. Чӣ тавре ки соли 2017 Неймар пас аз тарк намудани дастаи “Барселона” бо дастаи “Пари Сен-Жермен” шартнома имзо карда буд, Лионел Месси низ айнан ҳамин ҳодисаро такрор кардан мехоҳад.

ВАО-и испанӣ қайд мекунанд, ки Месси ин дафъа масъаларо ба таврӣ ҷиддӣ қабул кардааст, вале ҳоло ба ҳайати кадом даста шомил шуданаш маълум нест.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here