Мино Баҳруллоева, сарояндаи ҷавон, ки ӯро “Шакираи тоҷик” низ мегӯянд, дар барномаи “Имшаб” иштирок намуда, оиди чӣ гуна аз саҳнаи рақс ба овозхонӣ рӯ овардан ва дигар паҳлӯҳои ҳаёту фаъолияташ қисса кардааст.

Барномаи мазкур, ки муаллиф ва ровии он Мубориз Усмонов мебошад, санаи 21-уми апрел дар канали “ИМШАБ Channel” дар шабакаи YouTube нашр шуда, то имрӯз қариб 100 ҳазор нафар онро тамошо кардаанд.

“…дар ансамбл солист шудам, вале модарам ҳоло ҳам розӣ набуданд, зеро ба фикри он кас дар миёни раққосаҳои зиёд машҳур шудан мушкил буд. Баъдан он кас пешниҳод намуданд, ки ман сароянда шавам, лекин ман умуман розӣ набудам. Зеро ман медонистам, ки садои хуб надорам ва раққосагӣ барои ман аз овозхонӣ беҳтар буд. Ману модарам баҳс кардем, ба он кас гуфтам, ки танҳо як суруд мехонам. Агар мардум хуб пазироӣ кунанд, имода медиҳам, агар қабул накунанд, раққосагиямро идома медиҳам…”,-гуфтааст Мино дар рафти сӯҳбат.

Овозхон мегӯяд, ки то замони сабт шудани таронаи аввалинаш раққосаи балет буд ва ҳамзамон дар ансабли рақсии “Падида” фаъолият мекард. Сипас модараш сабаб шудааст, ки ба санъати овозхонӣ рӯй орад ва худро ҳамчун нафари алоҳида байни мардум шинохта намояд.

Мино ҳамагӣ 21 сол дорад ва суруди нахустинашро замони 16 сола буданаш сабт кардааст, ки “Ай ёр” ном дошт. Баъдан таронаҳои “Бачаи Дарвозӣ”, “Кабки Данғара” ва “Ёри Хуҷандӣ”-ро сароида, миёни мардум худро муаррифӣ намуд.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here