Дирӯз, 15-уми сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе шоир ва нависандаи тоҷик Мирзоамон Боқиев дар синни 74-солагӣ даргузашт.

Гуфта мешавад, ки марҳум аз ҳеҷ дарде ранҷ намебурд ва пас аз тамрини субҳгоҳӣ, ҳангоми ба эҷод машғул буданаш, ҷон додааст.

Мирзо Боқӣ муаллифи китобҳои “Ҳамосаи модар ва кӯдак” (1984), “Нуқтаи нур” (1986), “Фурӯғи хирад” (5 ҷилд, 2000-2005), “Ҷовидоннома” (2 ҷилд, 2006-2013) мебошад ва соли 1989 андарзҳои нависандаи рус Л.Н.Толстойро ба забони тоҷикӣ бо номи “Андарзнома” тарҷума кардааст.

Мирзоамон Боқиев 19-уми декабри соли 1944 дар деҳаи Эсизи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба дунё омадааст. Хатмкардаи Университети давлатии Тоҷикистон (ҳозира ДМТ, 1971) мебошад.

Пас аз хатми донишгоҳ дар студияи “Телевизиони Тоҷикистон” (1971-1972), рӯзномаҳои “Маориф ва маданият” (1972-1980), “Адабиёт ва санъат” (1981-1982), “Омӯзгор” (1983-1998), маҷаллаи “Маорифи Тоҷикистон” (1998-2001) ва аз соли 2002 ба ҳайси сармуҳаррири нашриёти “Бухоро” фаъолият кардааст.

Баъзе асарҳои ӯ дар баробари ҳаҷман калон буданашон, инчунин, аз ҷиҳати мазмуну мӯҳтаво барҷаста ва мукаммаланд. Аз соли 1984 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон мебошад.

Марҳумро имрӯз, 16-уми сентябр дар зодгоҳаш, деҳаи Эсизи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба хок супориданд.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

6 Шарҳҳо

  1. Мирзо Боқӣ – як шаҳри пур зи одам, холӣ шудаст бе ту…
    Сад есиз (афсӯс), ки мардуми деҳи Эсиз васияти устодро нисбати дафнаш иҷро накарданд. Шояд, мақомдорони ноҳияи васияти ин алломаро иҷро кунанд. Яъне, дар Боғи худаш дафн намоянд.

  2. Сад есизи Есизиҳо, ки дар рӯзи яъсу ноумедию раҳгумии фарзанди устод Мирзо Боқӣ Таҳмурас, ки натавонист, васияти падарашро бо ҳамдеҳагонашон ба иҷро расонанд. То ки дар Боғи дастпарвари худаш дафн шавад.

  3. Сад эсизи (ҳайфи ) Эсизиҳо, ки дар зиндагиаш қадрдонии хуб накарданд ва ҷасадашро хилофи ҳоҳишу васияташ дар манзилу боғи ободкардааш ба хок насупориданд. Ин васияташро ба ҳамаи фарҳангиёни пойтахт гуфта буд, ки зиндагиам дар иродаи худам аст, мурдаам дар иродаи Шумо. Муаллифи номгузории маркази маъмурии ноҳияи Куҳистони Масчо бо номи Меҳрон пешниҳоди устод Мирзо Боқӣ буд.

  4. Tajik poet and journalist Mirzoamon Boqi was born in the village of Irazbolo of Maschoh in the Zarafshan province in 1945.
    He graduated from Tajikistan State University in 1971 and worked until 1973 in the literary department of Sado va Simoi Tojikiston. In 1974, he was employed by the Omuzgor weekly journal. His work is heavily influenced by Iranian intellectuals. The themes of his stories include the fate of humanity, the secrets of the universe, and philosophies dealing with the issues of life and death. His contributions include Hamosai Modar va Kudak (Epic of Mother and Child, 1980) and Tarjimai Andarzhoi Tolstoi (Translation of Tolstoy’s Advice, 1990).

  5. Устод Мирзо Боқӣ гуфт: “Ман номи Худро дар лавҳаи пӯлодини абадият бо ҳарфҳли заррин сабт кардаам” 14- сентябри соли 2019, дар боғи Академияи илмҳо)

  6. Шоир ва журналисти тоҷик Мирзоамон Боқӣ соли 1945 дар деҳаи Эсизи болои Масчоҳ, музофоти Зарафшон таваллуд шудааст.
    Вай соли 1971 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм карда, то соли 1973 дар бахши адабии Садо ва Симои Тоҷикистон кор кардааст. Аз соли 1974 ин ҷониб дар ҳафтаномаи “Омузгор” кор кардааст. Осори ӯ ба зиёиёни форсигӯ сахт таъсир мерасонанд. Мавзӯъҳои асосии ашъори шоир тақдири инсоният, асрори олам ва масъалаҳои фалсафии ба зиндагӣ ва маргро дар бар мегиранд. Вай муаллифи китобҳои “Ҳамосаи модар ва кӯдак” (Epic of Mother and Child, 1980) ва “Тарҷимаи андарзоҳои Толстой” (Тарҷумаи Маслиҳати Толстой, 1990) мебошад.

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here