Имрӯз овозхони маъруфи эстрадаи тоҷик, яке аз муаррифгарони санъати муосири тоҷик дар ҷаҳон Садриддини Наҷмиддин 40 сола шуд. Дар ин рӯз хостем сабаби тарки Тоҷикистон намудани сарояндаро ёдовар шавем. 

Овозхон дар саҳифаи Фейсбуки моҳи июни соли гузашта навишта буд, ки одамҳои содда, ҳамонҳоеро, ки ба ҳама лабханд мезананд, дӯст медорад ва аз нафарони дурӯя нафрат дорад.

“Одамҳои соддаро дӯст дорам, ҳамонҳое, ки бадии ҳеҷ касро қабул надоранд, ҳамонҳое, ки барои ҳама лабханд доранд, ҳамонҳое, ки бӯи ноби одамият медиҳанд. Кӯмакам накунед, вале озор ҳам надиҳед. Маро бад мебинеду нақш бозӣ накунед, ки гӯё дӯстам медоред. Маро хушбахт накунед, вале озор ҳам надиҳед. Кӯч бастани паррандаҳо ба ман омӯхт, вақте фазои робита сарф аст, бояд рафт…”-навиштааст Садриддини Наҷмиддин дар саҳифаи Фейсбукаш.

Аслан ин суханҳо моли Садриддин нестанд. Муаллифи сатрҳои боло маълум нестанд.

Садриддин бо ин суханҳо гуфтан мехоҳад, ки дар Тоҷикистон бо ӯ хуб муносибат намекарданд, фазои робитааш ҳамеша сард буд. Ба ҳамин хотир кӯч баст ҷониби Амрико ва зиндагии хушу ором дорад.

Фарзандонаш дар беҳтарин мактабҳои иёлоти Вирҷинияи Амрико таҳсил мекунанд ва санъаташ чун қаблӣ дар ҳоли инкишоф асту ҳазорон мухлис шефтаву шайдои ҳунару садояш.

Мухлисони Садриддин ӯро ҳамчун шоҳи эстрадаи муосири тоҷик унвон мекунанд. Онҳо бо ин унвон сарояндаи дӯстдоштаашонро дар шабакаҳои иҷтимоӣ табрик намуда истодаанд.

Садриддини Наҷмиддин 19-уми январи соли 1980 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Ӯ дар маҳаллаи 33-юми пойтахт зиндагӣ мекард ва ҳамин ҷо бавоя расида буд. Ҳоло қариб се сол мешавад, ки ӯ бо аҳли оилааш барои иқомат Амрикоро ихтиёр кардаанд.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here