Комроншоҳи Устопириён ягона варзишгар дар риштаи ҷудои тоҷик аст, ки ду маротиба қаҳрамони Осиёро соҳиб шудааст. Дар таърихи ҷудои кишвар ба ғайр аз Комроншоҳ нафари дигар унвони қаҳрамони Осиёро соҳиб нашудааст. Имрӯз ин варзишгари номдори тоҷик мавлуд дорад.

Ӯ дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё – дар Тошканди Ӯзбекистон (соли 2016) ва Ҳонконг (соли 2017) – дар вазни зери 90 кило бо медалҳои тилло сарфароз шудааст.

Дар ҳоли ҳозир, Комроншоҳи Устопириён дар раддабандии ҷаҳонӣ дар вазни то 90 кило бо 2904 имтиёз дар ҷойгоҳи 19-ум ва дар раддабандии инфиродии олимпӣ бо 1796 имтиёз дар ҷойгоҳи 22-ум қарор дорад.
Дастовардҳои дигари Комроншоҳ Устопириён дар маҷмӯъ тайи ҳашт соли ахир (аз соли 2012) дар мусобиқоти осиёӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ба гунаи зайл аст:
12. Dec 2019 Qingdao Masters 2019 – 5
12. Jul 2019 Budapest Grand Prix 2019- 7
20. Apr 2019 Asian-Pacific Championships Seniors and Teams 2019- 2
05. Apr 2019 Antalya Grand Prix 2019- 3
15. Dec 2018 Guangzhou Masters 2018- 7
20. Sep 2018 World Championships Seniors Baku 2018- 7
29. Aug 2018 18th Asian Games Jakarta 2018- 3
06. Apr 2018 Antalya Grand Prix 2018- 1
23. Feb 2018 Dusseldorf Grand Slam 2018- 5
26. Oct 2017 Abu Dhabi Grand Slam 2017- 5
06. Oct 2017 Tashkent Grand Prix 2017- 1
22. Jul 2017 Minsk European Open 2017- 3
26. May 2017 Asian Championships Seniors 2017- 1
07. Apr 2017 Antalya Grand Prix 2017- 2
24. Feb 2017 Dusseldorf Grand Prix 2017- 7
11. Feb 2017 Paris Grand Slam 2017- 7
06. Oct 2016 Grand Prix Tashkent 2016- 5
15. Apr 2016 Asian Championships Senior 2016- 1
30. Oct 2015 Grand Slam Abu Dhabi 2015- 7
01. Oct 2015 Grand Prix Tashkent 2015- 2
24. Aug 2015 World Championships Seniors 2015- 5
13. May 2015 Asian Championships Seniors 2015- 3
28. Feb 2015 European Open Warsaw 2015- 5
16. Oct 2014 Grand Prix Tashkent 2014- 5
20. Sep 2014 Asian Games Incheon 2014- 5
27. Jul 2014 Asian Open Taipei City 2014- 2
01. Mar 2014 European Open Prague 2014- 5
04. Oct 2013 Grand Prix Tashkent 2013- 3
02. Mar 2013 European Open Warsaw 2013- 5
22. Sep 2012 World Cup Tashkent 2012- 7

Маълумотҳо аз гурӯҳҳи варзишии “tajik sport” дар Фейсбук гирифта шудааст.

P. S: Аҳли эҷоди сомонаи фарҳангӣ-иттилоотии “Падида” варзишгари номии тоҷикро ба рӯзи мавлуд шодбош мегӯяд. Орзу менамоянд, ки дар оянда низ Комроншоҳ бо муваффақиятҳои худ парчами миллати тоҷикро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд бардорад.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here