Модел ва ҳунарпешаи машҳури амрикоӣ, Ким Кардашян ва шавҳари ӯ Кане Уэст бори чорум соҳиби фарзанд шуданд. Дар ин бора “Комсомольская правда” бо такя ба сомонаи Твиттери ҳунарпеша хабар додааст.

Навзодро модари сунъӣ ба дунё оварда, Ким ва Кане аз таваллуди фарзанди чорумашон, ки писарча асту худи онҳо низ интизори писар буданд, эҳсоси хушбахтӣ мекунанд.

“Ӯ ба дунё омад ва хеле дӯстрӯяк аст. Ӯ ба Чикаго (фарзанди сеюми Ким) сахт монандӣ дорад. Албатта, ин бо гузашти вақт тағйир меёбад, аммо ҳоло ба духтарчаи хурдии ман монанд аст”,-навиштааст Ким Кардашян дар саҳифаи худ.

Ким ва Кане аз оғози имсол интизори писарча буданд ва бори дуюм аст, ки барои таваллуди тифл аз модари сунъӣ истифода мебаранд. Пас аз таваллуди ду фарзанд пизишкон ба Ким ба хотири хуб набудани саломатияш ба дунё овардани кӯдакро манъ карданд. Зану шавҳари ҷавон қарор доданд, ки аз модари сунъӣ истифода баранд ва ҳамин тавр соҳиби ду фарзанди дигар шуданд.

Маврид ба ёдоварист, ки Ким ва Кане моҳи майи соли 2014 оила барпо намуда, то ин дам онҳо соҳиби чор фарзанд, ду духтар (Норт ва Чикаго) ва ду писар (Сейнт ва номи навзод ҳоло номаълум аст) ҳастанд.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here