Талес Соарес, модели ҷавон ва иштирокчии ҳафтаи мӯди Сан-Паулои Бразилия, ҳангоми намоиши коллексияи нави либосҳо дар саҳнаи мӯд ба ҳалокат расидааст. Дар ин бора сомонаи “Комсомольская правда” бо такя ба рӯзномаи бразилии “Folha de S.Paulo” иттилоъ додааст.

Ҳодиса санаи 27-уми апрел дар ҳоле рух додааст, ки модели 26-сола дар доираи ҳафтаи мӯди Сан-Пауло либосҳои тамғаи “Ocksa”-ро намоиш медодааст.

Дар наворҳое, ки аз дирӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ давр зада истодаанд, дида мешавад, ки модел дар саҳна ба банди пойафзолаш пешпоӣ мехӯрад ва ба замин меафтад. Табибон дарҳол ба кӯмаки ҷавон меоянд ва ба ӯ ёрии аввалини тиббиро мерасонанд, аммо ӯро наҷот дода натавонистаанд.

Ташкилкунандагони чорабинӣ изҳор доштаанд, ки ҳоли Талес пеш аз ба саҳна баромаданаш он қадар хуб набуд ва худро нороҳат ҳис мекард.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here