Дамирбек Олимов, овозхони ҷавону муваффақи кишвар бояд дар барномаи “Садои ошно” иштирок мекард, вале ба ваъдааш вафо накардааст.

Радиои “Шаҳри ман”, ки барномаи “Садои ошно” тариқи радиои мазкур пахш мегардад, дар саҳифаи Фейсбуки худ аз шунавандагон узр хоста, чунин изҳоротро нашр кардааст.

“Дамирбек Олимов ба идораи радио наомаданашро чунин шарҳ дод: “Ман пахши барномаро фаромӯш кардам!”. Чунин ҳодиса бори аввал нест ва мо аз ҳамаи санъаткорон хоҳиш мекунем, ки хоҳишу дархости худро пешакӣ ба мо расонанд, то миёни ровиёну шунавандагон нофаҳмӣ ба вуҷуд наояд”.

Баъди нашри чунин матлаб дар саҳифаи Фейсбуки радиои “Шаҳри ман”, Дамирбек Олимов низ дар саҳифаи Фейсбуки худ навореро нашр намудааст, ки гуфтаҳои овозхон баръакси гуфтаҳои масъулини радиои номбурда аст.

Овозхон сабаби ба студияи радио ҳозир нашуданашро ба бемасъулиятии кормандони радиои “Шаҳри ман” рабт дода, афзудааст, ки агар кормандони радио масъулиятшинос мебуданд, чанд соат пеш аз пахши барнома маро огоҳ мекарданд.

“Расо як моҳ пеш ровии барнома Маҳмудхон Аҳрорӣ ба ман занг зада гуфт, ки тахминан санаҳои 25-27-уми сентябр мо шуморо ба барнома даъват карданӣ ҳастем. Баъди як моҳ, санаи 25-уми сентябр, соати панҷ дақиқа кам се (14:55) ба ман занг мезанад, ки чанд лаҳза пас барнома оғоз мешавад ва шумо дар куҷоед? Ман фаҳмондам, узр ҳам хостам, ки бо масъалаҳои оилавӣ берун аз шаҳр қарор дорам ва имкони дар 5-15 дақиқа расида омадан вуҷуд надорад ва аз онҳо хоҳиш кардам, ки матлаби нашркардаашонро гиранд, вале гапи ман дар ҳаво монд”,-мегӯяд Дамирбек Олимов дар наворе, ки дар саҳифааш нашр кардааст.

Ҳамчунин, овозхон афзудааст, ки санаи пахши барнома муайян набуд ва дар баробари ин бемасъулиятии кормандони радио сабаб шуд, ки ӯ дар барнома иштирок накард ва ин қадар сару садоҳо паҳн шуданд.

“Сабаби иштирок накардани ман ин бемасъулиятии кормандони радио мебошад, ки бояд ҳар меҳмонро ақаллан як соат пеш аз барнома бори дигар занг зананд. Ман боре ҳам ваъдахилофӣ накардаам. Ҳар чорабиние бошад, ним ё як соат пеш аз вақти таъиншуда ҳозир мешавам”.

Барои маълум намудани ҳақиқати ҳол мо бо радиои “Шаҳри ман” тамос гирифтем. Зеро дар ин ҳолат кас намедонад ба сухани кадоме аз онҳо бовар кунад!? Дамирбек мегӯяд санаи пахши барнома аниқ набуд, вале “Шаҳри ман” иддао дорад, ки мо огоҳ карда будем.

“Ин бори аввал нест, ки Дамирбек дар ҳаққи мо чунин корро мекунанд. Як моҳ пеш ровии барнома Маҳмудхон занг зада он касро огоҳ карда буд. Ҳатто як ҳафта пеш мо дар шабакаҳои иҷтимоии худ меҳмони навбатии барнома Дамирбек Олимов гуфта, реклама карда будем. Худи Дамирбек дар ҳама шабакаҳои иҷтимоӣ ҳастанд, наход боре ҳам надида бошанд?”,-гуфт дар сӯҳбат бо сомонаи “Padida” Ниёзова Мавзуна, сармуҳаррири радиои “Шаҳри ман”.

Бо Дамирбек Олимов низ тамос гирифтан хостем, вале ӯ ба зангҳои мо бо сабабҳои номаълум ҷавоб надод. Моҷарои Дамирбек ва “Шаҳри ман” давоми шабонарӯзи охир дар шабакаи Фейсбук мухлисони ду ҷонибро ба шӯр овардааст. Боварӣ дорем, ки пас аз мутолиаи ин матлаб Дамирбек низ ҳақиқатро мегӯяд.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

1 шарҳ

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here