Дар Маҷмааи фароғатии “Диёр”-и ноҳияи Варзоб барои саҳм гузоштан дар хотимадиҳии бемории сил чорабинии фарҳангӣ ва иттилоотӣ баргузор гардид.

Шоми дирӯз, 31-уми июли соли ҷорӣ таҳти унвони “Қаҳрамонони мо: Нест бод сил!” як қатор намояндагони соҳаҳои мухталифи ҷамъият муттаҳид гаштанд.

Ассотсиатсияи “Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон” дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил” бо иштироки гурӯҳи санъаткорони кишвар чорабинии фарҳангӣ оростанд.

Дар чорабинии мазкур намояндагони парлумони кишвар ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, нафарони аз бемории сил табобатёфта ва хабарнигорон аз радиову рӯзномаҳо иштирок доштанд.

Иштироки овозхонҳо Шабнами Сурайё ва Бахтиёр Раҳимов, шоир Хайрандеш, ҳаҷвнигор Ҷамшеди Ҳалим, варзишгар Мавзуна Чориева ва гурӯҳи таблнавозон аз маркази фарҳангии сафорати Ҳиндустон ба чорабинӣ ҳусни тоза бахшид.

Мақсад аз баргузории чунин як чорабинии фарҳангӣ ва иттилоотиву адвокатсионӣ омӯзонидани ситораҳои зиддисилӣ, табодули таҷрибаҳои беҳтарини қаҳрамонон буда, имкон медиҳад, ки барои расидан ба ҳадафҳои миллии хотимадиҳӣ ба сил нақшаҳои корӣ коркард карда шаванд.

Қаблан мо дар хусуси баргузории консерти хайриявии овозхони маҳбуб Шабнами Сурайё иттилоъ дода будем. Овозхон аз соли 2018 инҷониб сафири СММ дар самти ҷилавгирӣ аз афзоиши бемории сил дар Тоҷикистон мебошад.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here