Бегоҳии 24-уми апрел дар рӯзи мавлуди худ, коргардони ҷавони тоҷик аз “Суғдсинамо”, Муҳиддини Музаффар дар баробари ситораҳои синамои ҷаҳонӣ ба қолини сурхи кинофестивали байналмилалии Қазон устуворона қадам монда, вориди толори “Алмос” шуд.

https://www.facebook.com/muhiddin.churaev/videos/2128513257226518/

Филми ҳунарии “Тангно” аз рӯи асари Сорбон дар таҳияи коргардон Муҳиддини Музаффар аз байни 400 филми довталаби фестивал ба даҳгонаи беҳтарин интихоб шуда, ҳуқуқи намоиш дар фестивалро пайдо намуд.

Зимнан соли 2016 ҳам бо филми “Коса” Муҳиддини Музаффар дар ин фестивал ширкат варзида буд.

Муҳиддини Музаффар аз зумраи ҳунармандони асилест, ки дар арсаи театр ҳам ба тозагӣ комёб шуд ва намоиши таҳиянамудаи ӯ “Қорӣ-Ишкамба” дар Фестивал-озмуни театрҳои касбӣ “Парасту-2019” ҷои якумро ишғол намуд.

Маҳсули эҷоди Муҳиддини Музаффар ҳамчун коргардон:

Шаш филми ҳунарӣ:

  1. “Ормонҳо” (2010)
  2. “Паймон” (2014)
  3. “Коса” (2015)
  4. “12 соли интизорӣ” (2016)
  5. “Тангно” (2017)
  6. “Сайёра ранг иваз мекунад” (2018)

Се филми ҳуҷҷатӣ:

  1. “Разве это жизнь” (2008)
  2. “Канд” (2009)
  3. “Рисолат” (2011)

Панҷ намоишномаи театрӣ:

  1. “Модар-Ватан” (2017)
  2. “Модар, ман зан мегирам” (2012)
  3. “Инопланетянинҳо дар замин” (2013)
  4. “Хонуми боистеъдод” (2014)
  5. “Қорӣ-Ишкамба” (2019)

Инчунин, зиёда аз даҳ нақш дар театру кино. Аз ҷумла:

  • Камол дар намоишномаи «Мизон»-и Ш.Ашӯр
  • Саркардаи муғул дар намоишномаи «Модар-Ватан»
  • Чеишвили Зураб дар намоишномаи «Айбнома»-и Н.Думбадзе
  • Шайх Низомулмулк дар намоишномаи «Зебуниссо»-и Ш.Қиёмов
  • Шоҳзода Оҳ дар намоишномаи «Куштори яксаду чаҳордаҳ шоҳзодаи ҳахоманишӣ дар Кӯшки гардон»-и Сорбон
  • Шоҳ Лир аз намоиши “Суди девонагон”-и У.Шекспир
  • Шоҳ Пенфей дар намоишномаи “Ваҳваҳабонувон”-и Еврипид
  • Қобил дар намоишномаи “Қобил”-и Ҷорҷ Байрон
  • Хушнуд дар филми “Ормонҳо”

Зайниддин Орифӣ, хабарнигори хосаи “Padida” 

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here