Ситораи машҳури амрикоӣ Анҷелина Ҷоли бо сафари ду рӯза ба Ҷумҳурии Венесуэла ташриф оварда, кулли мухлисонашро дар ҳайрат гузоштааст.

Мақсади ташрифи ҳунарманд кори хайр буда, зимни сафар бо муҳоҷирону гурезагон ва мухлисонаш, ки дар миёни марзи Венесуэла ва Колумбия қарор доранд, вохӯрӣ анҷом додааст.

Зимни сӯҳбату вохӯрӣ бо Президенти Колумбия Иван Дук, ҳунарпеша масъалаи гирифтани шаҳрвандии 20 ҳазор кӯдаки муҳоҷирон ва бартараф кардани бӯҳрони иқтисодиро муҳокима кардааст.

Инчунин, Анҷелина бо мухлисонаш аксбардорӣ карда, ба онҳо ваъда додааст, ки бори дигар ҳатман ба дидорбинии онҳо хоҳад омад.

Чуноне ки қаблан ба шумо иттилоъ дода будем, ҳунарманд гирифтори бемории фалаҷшавии мушакҳои рӯй аст ва рӯз то рӯз лоғару андомаш даҳшатнок шуда истодааст. Ӯ ҳоло ҳамагӣ 42 килограмм вазн дорад.

Баробари дохил шуданаш ба қаламрави Венесуэла мухлисонаш чеҳраи ӯро дида ба даҳшат афтодаанд. Аз зебоии қаблии ҳунарманд қариб осоре нест, зеро пӯсти рӯйи ӯ бар асари беморӣ ба устухонаш часпидааст.

Ба беморияш нигоҳ накарда, Анҷелина ба корҳои хайру саховат машғул аст. Ҳамчунин, ӯ ният дорад, ки меросашро ҳарчӣ зудтар ба фарзандонаш тақсим кунад, то онҳо дар оянда азоб накашанд.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here