Овозхони тоҷик Қадами Қурбон ҳафтаи гузашта дар шаҳри Солнечногорски вилояти Маскав бо иштироки муҳоҷирони меҳнатӣ барномаи консертӣ барпо кард.

Консерт дар қаҳвахонаи “Лаззат” баргузор гардида, нархи чиптаҳо 500 рубли русиро ташкил медод ва муҳоҷирони зиёд ба дидани Қадами Қурбон омада буданд.

Як хонандаи сомонаи “Ахбор” навореро аз рафти консерт фиристодааст, ки дар он муҳоҷирон ба сари раққосаи Қадами Қурбон пул мечаспонанд ва бар ивази ин ӯро ба оғӯш мекашанд.

Ҳамчунин, муаллифи навор қайд кардааст, ки қисме аз муҳоҷирон пулро ба хонаводаи худ равон накарда, ба сари раққосаи Қадами Қурбон рехтаанд.

“Мардум бисёраш дар Русия бекору бепуланд, вале баъзеи онҳо қарз карда, пул ёфтанд, ки ба консерт биоянду ба сари раққоса бирезанд. Дилам ба ин мардуми гумроҳ, ки қарз карда ба раққоса мечаспонанд, вале падару модару зану фарзандашон дар Тоҷикистон чашм ба роҳи пули инҳоянд, месӯзад”,-навиштааст муаллифи навор ба сомонаи “Ахбор”.

Пас аз қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” ба раққоса часпонидани пул манъ аст, вале дар Русия чунин маҳдудият вуҷуд надорад.

Қадами Қурбон, ки аллакай ба муаррифӣ ниёз надорад, ҳамеша баҳсеро миёни ҷомеа бармеангезад. Ӯ ситораи сербинандаи шабакаи YouTube мебошад, ки ҳар навори ӯро миллионҳо нафар тамошо кардаанд.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here