Аз 13 то 18 апрел дар шаҳри Душанбе Кинофестивали  якуми байналмилалии «Душанбе» баргузор мегардад. Рамзи асосии он муҷасаммаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ интихоб гардида, он чун нишони шаҳри Душанбе аз ду тараф бо лента иҳота шудааст.

Мавриди зикр аст, ки дар фестивали мазкур меҳмонон ва кинематографистон аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай ва бародаршаҳрҳои Душанбе ширкат мекунанд, хабар медиҳад АМИТ “Ховар” дар такя ба “Тоҷикфилм”.

Кинофестивал аз ду озмун: озмуни байналмилалӣ ва беҳтарин дастоварди кинои миллӣ иборат буда, дар 8 номинатсия барои ҳарду бахш ҷоиза дода мешавад. Барои номинатсияи беҳтарин филми ҳунарӣ «Шоҳҷоиза» (Гран При) дода мешавад.

Дар доираи Кинофестивали байналмилалии «Душанбе» 20 филми пурра муқаррар шудааст.

Мавриди зикр аст, ки  ташкилкунандагони Кинофестивали байналмилалии «Душанбе» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» мебошанд.

Кинофестивали байналмилалии «Душанбе» ба Рӯзи пойтахт бахшида шуда, дар ду сол як маротиба баргузор карда мешавад. Ҳадафи асосии он таҳкими ҳамкории кинематографистони Тоҷикистон ва шиносоӣ пайдо кардани тамошобинони тоҷик бо дастовардҳои беҳтарини кинои ҷаҳонӣ мебошад.

Бояд гуфт, ки  дар Кинофестивали  байналмилалии «Душанбе»  5 довар аз дохил ва хориҷи мамлакат интихоб мешаванд.

Дар назар аст, ки дар доираи  ин кинофестивал суҳбати «мизи мудаввар» ва коргоҳи ҳунарӣ (мастер класс) бо ҳузури меҳмонон ва ширкаткунандагон ташкил гарданд.

Зимни баргузории Кинофестивали мазкур осори киноӣ  ва хидматҳои шоистаи коргардони маъруфи тоҷик Борис Кимёгаров барои миллати тоҷик гиромӣ дошта мешаванд.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here