Мӯйсафеди 83 сола ва секарат ҳоҷӣ барои дидани Юлдуз Усмонова ба маросими рӯнамоии албоми ҷадиди сароянда, ки дар шабакаи телевизионии Zo’rtv баргузор гардид рафтааст. 

Дар ин бора Юлдуз Усмонова дар саҳифаи Инстаграми худ навореро нашр кардааст. Дар навор дида мешавад, ки марде аз ҷой мехезад ва сарояндаро “духтарам Юлдуз” гуфта садо мекунад.

View this post on Instagram

#yulduzusmonova @yulduzibragimovnausmonova @yulduzusmonovamusic

A post shared by Yulduz Usmonova (@yulduzibragimovnausmonova) on

“Духтарам Юлдуз, ман марди 83 сола мебошам. Мухлиси ашадии Шумо, доим мехостам шуморо бубинам. Ман секарат ҳоҷӣ мебошам…”, – мегӯяд ӯ. 

Сароянда низ аз мухлиси худ, хуб пазироӣ мекунад. Дар охир марди 83-сола ба Юлдуз Усмонова дуо медиҳад ва барояш орзуи муваффақиятҳои аз ин болоро таманно менамояд.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here