Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони доираҳои илму фарҳанг ва санъати тоҷик дар Фаронса мулоқот намуд.

Ба иттилои хадамоти матбуотии Президенти мамлакат, ин мулоқот санаи 7-уми ноябри соли ҷорӣ дар доираи сафари кории Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Фаронса дар шаҳри Париж сурат гирифт.

Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз имкони дидору мулоқот бо ҳамватанон изҳори хушнудӣ карда, бо онҳо дар бораи пешравиҳои Ватан ва оид ба рӯйдодҳои муҳим дар кишвари маҳбубамон сӯҳбат карданд.

Таъкид гардид, ки имсол мардуми кишвар 28-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ҷашн гирифта, барои истиқболи сазовори 30-солагии ин санаи муҳим талош меварзанд.

Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар дар доираи татбиқи ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаҳои давлатӣ мардуми шарафманди ҷумҳурӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, илмию фарҳангӣ ва дигар бахшҳои иқтисоди миллӣ ба дастовардҳои арзанда ноил гардиданд.

Зимни суханронӣ Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ оид ба ҳалли мушкилоти глобалӣ, ҳамкории зичу пурсамари Ҳукумати мамлакат бо аксари кулли кишварҳои олам ва ташкилоту созмонҳои бонуфӯзи ҷаҳонӣ андешаронӣ карданд.

Баъди суханронӣ байни Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва намояндагони доираҳои илму фарҳанг ва санъати тоҷик дар Ҷумҳурии Франсия сӯҳбати самимӣ доир шуд. Иштирокчиёни мулоқот ба Сарвари давлат барои таваҷҷӯҳи беандозаашон нисбат ба ҳамватанон изҳори сипос карданд.

Ёдовар мешавем, ки 5-уми ноябр сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як қатор кишварҳои Аврупо аз Швейтсария оғоз ёфта, санаи 7-уми ноябр дар идомаи сафари худ ба Ҷумҳурии Фаронса ташриф овард.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here