Фарзонаи Файз, овозхон ва ҳунарпешаи ҷавони тоҷик суруди сарояндаи ӯзбек Муниса Ризоеваро, ки бо забони тоҷикӣ суруда шуда буд, бозхонӣ кардааст. Тарона ба тоҷикӣ “Алами зор” ном дошта, шакли ӯзбекияш “Аламим бор” мебошад.

Муниса Ризоева таронаи мазкурро бо ду забон, тоҷикӣ ва ӯзбекӣ сурудааст. Шакли ӯзбекии “Алами зор” дар иҷрои Муниса Ризоева соле қабл сабт ва пахш гардида, то имрӯз онро дар шабакаи YouTube зиёда аз 10 миллион нафар тамошо кардаанд. Шакли тоҷикияш бошад, ҳамагӣ чанд моҳе қабл дар сомонаҳо пайдо гаштааcт.

Фарзонаи Файз суруди мазкурро бо забони тоҷикӣ сароидааст. Давоми чанд рӯзи охир миёни мардум ҳангомае барангехтааст, ки гӯё Муниса Ризоева барои беиҷозат сурудани суруди “Алами зор” ва поймол намудани ҳуқуқҳои муаллиф Фарзонаи Файзро ба суд дода, кулли сомонаҳоеро, ки таронаи “Алами зор” дар иҷрои Фарзона пахш гардида буданд, бастааст. Барои фаҳмидани ҳақиқати ҳол мо ба продюсери Фарзонаи Файз муроҷиат намудем.

Шоҳрухи Исмоил, продюсери Фарзона овозаи ба суд додани овозхонро рад кард ва гуфт, ки Фарзона ва Муниса бо ҳам дӯст ҳастанд. Ҳатто Фарзона боре ҳангоми сафараш ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо Муниса вохӯрда, бо ӯ акс низ гирифтааст. Шоҳрухи Исмоил қайд намуд, ки мухлисон таронаи “Алами зор”-ро хуб пазируфта, ба Фарзона баҳои баланд доданд. “Худи Фарзона имрӯзҳо банди корҳои эҷодӣ буда, ба наздикӣ таронаи ҷадидашро намоҳанг (клип) мекунад”,-гуфт дар сӯҳбат бо мо продюсери овозхон.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here