Муқимҷон Абдуфаттоев, ҳаҷвнигори маъруфи кишвар ва роҳбари театрстудияи “Хандинкамон”, ки дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд зиндагӣ ва фаъолият дорад, ба чанд саволи рӯзноманигори сомонаи “Тajikistantimes” оиди ҳайати имрӯза ва навгониҳои театрстудия посух додааст.

“Имрӯз дар “Хандинкамон” зиёдтар ҷавонон фаъолият карда истодаанд. Як маротиба бо онҳо кор кунем ва Худо хоҳад, он рӯз дур нест, ки ман боварӣ дорам театрстудия шӯҳрати пешинаи худро ба даст меорад”,-мегӯяд Муқимҷон бо боварии комил.

Муқимҷон Абдуфаттоев дар ҳаҷви имрӯза касеро, ҳатто онҳоеро, ки замоне дар ҳайати “Хандинкамон” кор мекарданд, ба худ рақиб намешуморад ва мегӯяд, ки дар ҳаҷви имрӯза рақобат ба назар намерасад.

Инчунин, ҳаҷвнигор дар рафти сӯҳбаташ қайд намудааст, ки баъди аз театрстудия рафтани Сулаймон Саидғозиев, нақши занро худаш мебозад. Ӯ мегӯяд, ки ман ба хубӣ аз ӯҳдаи иҷрои нақши зан мебароям ва пеш аз ин ҳам ба онҳое, ки нақши занро мебозиданд, чӣ тавр ҳаракат намуданро ман ёд медодам.

Театрстудияи “Хандинкамон” бори охир дар арафаи Рӯзи ханда, яъне санаи 1-уми апрели соли равон меҳмони пойтахт гашта, дар толори Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Ҷӯраев барномаи нави худро пешниҳоди ҳаводоронашон гардонида буданд.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here