Ҳунарпешаи шинохтаи тоҷик Таҳмина Раҷабова, ки айни ҳол дар шаҳри Маскав таҳсили илм дорад, барои ба Ватан баргардонидани як муҳоҷири гумроҳ мусоидат кард.

Дар ин бора худи ҳунарпеша дар саҳифаи Инстаграмаш хабар додааст.

Ҳунарпеша аз кулли ҳамватанон даъват ба амал овардааст, то ба он нафар, ки ному насабаш Алимов Мансурҷон Абдукаримович гуфта мешавад, ба қадри имкон кӯмак кунанд.

“Дар деҳае воқеъ дар наздикии шаҳри Атирауи Қазоқистон дар назди мағозае меистодам ва марде ба ман наздик шуда, пул пурсид. Аз намуди зоҳирияш маълум буд, ки ҷои зист надорад ва дар кӯча зиндагӣ мекунад, зеро либосҳояш ифлос буду аз ӯ бӯйи бад меомад. Ман ҳам метавонистам, ки мисли дигарон ба ӯ кӯмак накунам ва аз наздаш дур равам, аммо натавонистам. Намедонам чаро!? Нигоҳаш пур аз ноумедӣ ва омодаи фарёд ба кӯмак буд, чашмҳояш пур аз дард, ашкҳояш самимӣ буданд ва ман натавонистам нисбати ӯ бетараф бошам. Давоми ин 10 сол ман ӯро ҳамчун як марди ҳалиму меҳрубон дарёфтам ва бо баъзе сабабҳо ӯ ин муддат дур аз Ватан дар ғарибӣ умр ба сар бурд”,-навиштааст Таҳмина Раҷабова аз қавли қирғиздухтаре, ки барои ба Ватан баргардонидани он мард аз ҳунарпеша кӯмак хостааст.

Ҳунарпеша афзудааст, ки вақте он духтари қирғиз ба ман дар Инстаграм навишт, дарҳол ҷавобаш додам, зеро он ҷо гап сари як марди тоҷик мерафт, ки дур аз Ватан тӯли 10 сол бо азоб зиндагӣ мекунад.

Алимов Мансурҷон Каримович 15-уми августи соли 1984 дар маҳаллаи Исмоили Сомонии шаҳри Бохтар (собиқ Қурғонтеппа) таваллуд шудааст. 10 сол қабл бо мақсади сафар ба Русия аз хона мебарояд ва дар роҳ ҳамёну ҳуҷҷатҳояшро медузданд. Ӯ маҷбур мешавад, ки дар шаҳри Атирауи Қазоқистон аз қатора пиёда шавад ва то ин муддат он ҷо бимонад.

Таҳмина Раҷабова ба Сафорати Тоҷикистон дар Русия ва Сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон барои расидагӣ кардан ба масъалаи ба Ватан баргардонидани муҳоҷири тоҷик изҳори миннатдорӣ намудааст.

Дирӯз, 10-уми октябри соли ҷорӣ Алимов Мансурҷон ба Ватан баргашт, вале маълум нест, ки ба куҷо меравад ва ҳамроҳи кӣ зиндагӣ мекунад. Бинобар ин, ҳунарпеша аз ҳамватанон хоҳиш мекунад, ки ба он марди роҳгумзада то қадри имкон кӯмак кунанд.

Чуноне қаблан иттилоъ дода будем, Таҳмина айни ҳол донишҷӯи бахши коргардони телевизион ва синамои Донишкадаи давлатии кинематографияи русиягии ба номи Сергей Ҳеросимови шаҳри Маскав мебошад.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here