Коргардон ва ҳунарманди ҷавони тоҷик Набиҷон Пирматов ният дорад, ки қисми сеюми филми мазҳакавии “Арӯси замонавӣ”-ро банавор гирад.

Набиҷон Пирматов дар барномаи интернетии “Тоҷикбача-шоу”, ки дар саҳифаи “Rafael Gulov” дар шабакаи YouTube нашр шудааст, меҳмон шуда, дар бораи нақшаву ниятҳои ояндааш сӯҳбат кардааст.

Ҳунарманд мегӯяд, ки наворбардории қисми сеюми филм дар нақша набуд, вале мардум ба ӯ идея доданд. Пас аз сӯҳбат бо гурӯҳи корӣ коргардон ба сабти қисми нави филм шурӯъ хоҳад кард.

“Аслан сабти қисми сеюми филм дар нақша набуд. Ба наздикӣ ману Сабина ва Максро барои сабти як клип ба ҳамон деҳае, ки “Арӯси замонавӣ”-ро сабт карда будем, даъват карданд. Вақти наворбардории клип мардум “Арӯси замонавӣ”-ро сабт карда истодаед?” гуфта, ба мо луқма мепартофтанд. Фикри давом додани филм ҳамон ҷо ба сарам омад”.

Дар идома ҳунарманд илова мекунад, ки бо гурӯҳи корӣ бояд сӯҳбат кунад ва баъди ба қароре омадан дар давоми шаш моҳ метавонад, ки қисми сеюми филмро пурра омода ва пешкаш намояд.

Овозаи дуздӣ будани филмномаи “Арӯси замонавӣ”-ро коргардон рад мекунад. Ӯ иброз медорад, ки танҳо якчанд саҳнааш монанд аст ва боқимонда дар шакли нав таҳия шудааст.

“Сенарияи ин филм то дуздидани мо як бори дигар дуздида шудааст. Ин филм аслан ҳиндӣ мебошад. Ӯзбекҳо ба ҳамон монанд филм офариданд. Филми ман ҳам монанд аст, вале танҳо якчанд саҳнааш. Филм қисман ба ҳаёти ман монанд буд ва ман хостам, ки ҳамчун коргардони навкор худро бисанҷам. Дар натиҷа ҳамин “Арӯси замонавӣ”-ро навиштам ва шукр, ки хеле муваффақ шуд”.

Набиҷон Пирматов зодаи шаҳри Бохтар (Қурғонтеппа) ва хатмкардаи риштаи ҳуқушиносии ДМТ мебошад. Соли 2011 дар студияи “Симо” ба кор даромада, шурӯъ аз соли 2014 ба фаъолияти коргардонӣ ва ҳунармандии худ оғоз бахшидааст. Муаллиф, коргардон ва иҷрокунандаи нақши асосии филмҳои “Арӯси замонавӣ” (қисмҳои 1-2, 2014-2015) ва “Домоди замонавӣ” (2017) мебошад.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here