Гуласал Пӯлодова, овозхони шинохта ва хушовози вилояти Суғд бо нахустин барномаи консертии худ ба шаҳри Душанбе меояд.

Баргузории шоу барномаи консертӣ санаи 17-уми ноябр, соати 17:00 дар толори бошукӯҳи “Кохи Суруш”-и шаҳри Душанбе дар назар аст.

Ҳамчунин, дар барномаи консертӣ ҳунарнамоии овозхон Шодмон Сулаймонӣ, раққосаи гурӯҳи “Садбарги Шарқ” Нодира Яъқубова ва гурӯҳи рақсии Ғаффор Валаматзода ба нақша гирифта шудааст.

Гуласал Пӯлодова ва Шодмон Сулаймонӣ сурудҳои “Зарафшонӣ-1” ва “Зарафшонӣ-2”-ро ҳамроҳ сароидаанд, ки дар шабакаи YouTube яке аз сертамошобинтарин таронаҳои онҳо ба ҳисоб меравад.

Шоми 25-уми октябри соли равон низ ҳарду ҳамроҳ бо таронаи “Зарафшонӣ-2” дар маросими ҷоизасупории “Телевизиони Душанбе” барои ҳамкориҳои судмандашон бо телевизиони номбурда соҳиби ҷоиза ва диплом гардиданд.

Намоҳанги таронаи “Зарафшонӣ-2”, ки дар манзараҳои дилфиреби ноҳияи Айнӣ ва мавзеи Искандаркӯл рӯи навор омадааст, рӯзҳои наздик дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахш хоҳад шуд.

Ин нахустин консерти яккаи Гуласал Пӯлодова дар шаҳри Душанбе мебошад. Ӯ то ин дам дар чандин чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ дар қатори дигар ҳунармандон баромад кардааст, вале фурсати баргузории консерти якка акнун фаро расид.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here