Овозхони ҷавони эстрадаи тоҷик Меҳрнигори Рустам дар Бруклин, минтақаи маъмурии шаҳри Ню-Йорки Амрико консерти идона баргузор хоҳад кард.

Дар ин бора овозхон дар саҳифаи Инстаграми худ хабар додааст.

Баргузории барномаи консертӣ бахшида ба 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон санаи 8-уми сентябр, соати 18:00 дар тарабхонаи “Emir Palace” дар назар аст.

Ин нахустин барномаи консертии Меҳрнигори Рустам дар Амрико мебошад, ки аз ҷониби Диаспораи тоҷикон дар Амрико ташкил шудааст.

Қарор аст, овозхон бо таронаҳои мондагораш, ки бо забонҳои тоҷикиву эронӣ ва туркиву ҳиндӣ сабту нашр шудаанд, хотири мухлисонашро шод намояд.

Дар охир Меҳрнигор кулли мухлисонашро, ки дар Амрико кору зиндагӣ мекунанд, ба барномаи идонаи худ даъват кардааст.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here