Шабнами Сурайё ва Юлдуз Усмонова, ситораҳои дурахшони тоҷику ӯзбек бори нахуст дар шаҳри Хуҷанд консерт барпо хоҳанд кард.

Дар ин бора Юлдуз Усмонова дар саҳифаи Инстаграми худ хабар додааст.

Баргузории шоу-консерт санаи 11-уми август, соати 19:00 дар тарабхонаи “Равшан”-и шаҳри Хуҷанд ба нақша гирифта шудааст.

Қарор аст, дар барнома ҳунармандон сурудҳои мондагору дӯстдоштании худро сароянд ва иштирокчиёнро хӯрокҳои болаззат ва озмунҳои ҷолиб аз ҷониби ровӣ интизор аст.

Сарпарастии шоу-консертро “Бонки Эсхата”, нӯшокиҳои “Borjomi”, “Nurabis”, мағозаи “Ekopen” ва маҳсулоти нонии “Лаззати Хуҷанд” дар ҳамкорӣ бо маркази продюсерии “Муҳаммад” ба ӯҳда гирифтаанд.

Баргузории шоу-консерт бо иштироки Шабнами Сурайё ва Юлдуз Усмонова дар ҳолест, ки дугонаҳо дар охири моҳи майи имсол таронаи бадеҳаи “Таролла Далли”-ро суруданд ва ҳоло онро дар шабакаи YouTube беш аз 2,5 миллион нафар тамошо кардаанд.

Юлдуз Усмонова миёни санъаткорони тоҷик танҳо бо Шабнами Сурайё муносибати наздик ва дӯстии қавӣ дорад. Онҳо зуд-зуд аз аҳволи ҳамдигар хабар мегиранд ва ин консерти якҷоя барои ҳарду ҳам нахустин аст.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here