Нозияи Кароматулло, овозхони тӯли чор сол нопайдои тоҷик барномаи ҷадиди консертии худро пешкаши ҳаводорони ҳунараш хоҳад гардонид.

Қарор аст, барномаи нави консертӣ санаи 9-уми июни соли равон таҳти унвони “Ду ҳамсадо” дар Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Хуҷанд дар ду баст, соатҳои 12 ва 16 баргузор бигардад.

Дар консерти деринтизори Нозияи Кароматулло, бародари ҳунармандаш Муҳаммадрафии Кароматулло низ иштирок хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, ки Нозия тӯли чор сол хомӯш ва дур аз саҳнаи ҳунар ба тарбияи фарзандонаш машғул буд ва охири соли 2018 бо суруди “Ишқи рӯҳафзо” аз бозгашти худ ба саҳна дарак дод.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here