Ҳафтаи гузашта филми туркии “Салом, зебо Ватанам!” бо иштироки ҳунарманди тоҷик дар ҳудуди ин кишвар бори нахуст намоиш дода шуд.

Умед Шатаков, зодаи Тоҷикистон, ки айни замон дар Туркия зиндагӣ ва фаъолият дорад, дар филми “Салом, зебо Ватанам!” нақши Анвар Курд, як озодихоҳ дар Туркияро бозидааст.

Ин ҳунарманди ҷавон дар сӯҳбат бо сомонаи “Padida” гуфт, ки омаданаш ба соҳаи синамо тасодуфӣ буд ва ҳеҷ фикр намекард, ки рӯзе дар чунин филму силсилафилмҳо нақш меофарад.

“Вақте ки ман дар силсилафилми “Қасам” нақш меофаридам, ҳунарамро дида, ба филми “Салом, зебо Ватанам!” даъват намуданд ва ман ҳам бо камоли майл қабул кардам. Бисёртар барои чеҳраам даъват карданд, зеро ман ба қаҳрамони худ Анвар Курт сахт монандӣ доштаам”.

Ҳунарманд афзуд, ки намоиши филми мазкурро дар чандин шаҳрҳои Туркия ва кишварҳои хориҷ ба нақша гирифтаанд. Дар соли 2020 ӯро боз як филми ҷадид интизор аст, ки аз гуфтани номаш худдорӣ кард.

“Дар ин ҷо (Туркия) ҳунармандон ҳам аз ҷиҳати моддӣ ва ҳам аз ҷиҳати маънавӣ ҳамаҷониба таъминанд. Нисбат ба ҳунармандони худамон (Тоҷикистон) зиндагии хубтару беҳтар доранд. Маошашон бароияшон кифоя аст. Аз болои худ зиёд кор мекунанд ва дар саҳнаи наворбардорӣ хеле ҷиддӣ ҳастанд”,-илова намуд Умед Шатаков.

Филми “Салом, зебо Ватанам!” аз рӯи филмномаи нависандаи турк Аҳмад Умит дар таҳияи коргардон Чингиз Аскарбоқир рӯи навор омада, нақшҳои асосиро дар он Берна Лачин, Пелин Бату, Левент Узумҷу, Йеткин Дикинҷилер, Серкан Алтинтош ва дигарон иҷро кардаанд.

Умед Шатаков 7-уми апрели соли 1994 дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ба дунё омада, хатмкардаи Литсейи шаҳри Кӯлоб мебошад. Ҳамчунин, ӯ риштаи иқтисоди Донишгоҳи Салчуқро дар шаҳри Қуния хатм кардааст.

Ӯ то ин дам дар се филми синамогарони турк “Як ҳадис”, “Қасам” ва “Салом, зебо Ватанам!” нақш офарида, барои сабти чанд филми дигар қарордод бастааст. Ҳамчунин, дар як филми истеҳсоли Покистон низ нақш бозидааст, ки то ҳол ба экран набаромадааст.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here