Намоҳанги (клип) “Айсберг”-и Алла Пугачева, ки дар давраи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ бо фармони роҳбарият манъ карда шуда буд, дар арафаи ҷашни зодрӯзи овозхон аз тарафи Кумитаи телевизион ва радиои Русия аз нав пахш гардид.

Намоҳанги мазкур 14-уми апрели соли ҷорӣ дар канали “Советское телевидение. ГОСТЕЛЕРАДИОФОНД России” дар шабакаи YouTube пахш гардида, давоми чанд рӯзи охир онро зиёда аз як миллион нафар тамошо кардаанд. Оҳанги ин суруд моли оҳангсози маъруф Игор Николаев буда, худи намоҳанг соли 1984 дар шаҳри Сочи сабт шудааст.

Роҳбарияти собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ҳаракатҳои овозхонро дар ин намоҳанг бисёр озод ва “бемаънӣ” унвон кардаву намоишашро манъ карда буд. Дар намоҳанг дида мешавад, ки Алла Пугачева дар лаби соҳили пур аз барфу ях рӯи чана (санка) бо мӯйҳои парешону ҳаракатҳои ба худ хос суруд мехонад.

Пугачева Алла Борисовна 15-уми апрели соли 1949 дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия чашм ба олам кушодааст. Соли 1954, замони 5 сола будани Алла волидонаш ӯро ба мактаби мусиқӣ дохил намуданд ва худи ҳамон сол ӯ дар саҳнаи калон баромад намуд. Аз соли 1969 фаъолияти касбии худро оғоз намуд ва то ин дам дар рӯи саҳна ҳунарнамоӣ мекунад.

Дорандаи унвонҳои “Артисти халқии ИҶШС” (1991), “Артисти халқии ҶШСР” (1985), “Артисти хизматнишондодаи ҶШСР” (1980), орденҳои “Барои хизмат ба Ватан” дараҷаи II (1999), “Барои хизмат ба Ватан” дараҷаи III (2009), “Барои хизмат ба Ватан” дараҷаи IV (2014), ордени “Дӯстӣ”-и Ҷумҳурии Озарбойҷон (2009), ордени “Месроп Маштотси муқаддас”-и Ҷумҳурии Арманистон (2009), ҷоизаи Президенти Белорус “Бо воситаи санъат ба сулҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ” (2006), ҷоизаи давлатии Русия дар соҳаи адабиёт ва санъат (1994) ва ҷоизаи давлатии Русия дар соҳаи санъати эстрадӣ (1995) мебошад. Аз рӯи назарсанҷии маҷаллаи “Комсомоли Маскав” 15 маротиба “Сарояндаи сол” эътироф гардида, дар рӯйхати “100 бонуи бонуфузи Русия” ҷои дуюм ва миёни “Бонувони хирадманди Русия” ҷои чорумро ишғол мекунад.

Сароянда 15-уми апрели имсол ба синни 70 расид ва аз нав пахш гардидани намоҳанги “Айсберг” низ ба ҳамин муносибат рабт дода мешавад.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here