Асарҳои рассоми тоҷики муқими Русия Аъзам Атахонов дар намоишгоҳи “Artstory”-и шаҳри Маскав ба намоиш гузошта шудааст.

Намоиши асарҳо санаи 6-уми июн оғоз гардида, то 28-уми моҳи июл идома хоҳад кард.

Аъзам Атахонов дар сӯҳбат бо сомонаи “Sputnik Тоҷикистон” гуфтааст, ки дар намоишгоҳ зиёда аз 40 асари ӯ, ки аз соли 2006 инҷониб офарида шудаанд, ба намоиш гузошта шудааст.

Рассом ба намоиш “Достони маънӣ” ном гузошта, онро ба модараш, ки 6 моҳ қабл даргузашта будааст, бахшидааст.

Асарҳои офаридаи Аъзам Атахонов дар Осорхонаи санъати тасвирии ба номи Камолиддин Беҳзод дар шаҳри Душанбе ва Осорхонаи давлатии халқҳои шаҳри Маскав нигоҳ дошта шуда, дар онҳо бештар зебоиҳои табиат, меъморӣ, боғу деҳот ва ҳунарҳои мардумӣ таҷассум ёфтаанд.

Аъзам Атахонов зодаи шаҳри Душанбе буда, аз соли 1989 дар шаҳри Маскав зиндагӣ ва фаъолият дорад.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here