Бо ташаббуси China Film Group Corporation аз 10 январи 2020 дар 44 кинотеатри Чин намоиши филми коргардони тоҷик Носир Саидов “Оинаи беҷило” оғоз мегардад.

Бино ба иттилои дафтари матбуотии Вазорати корҳои хориҷӣ, дар маросими оғози намоиши филмҳои тоҷикӣ дар Пекин Сафири Тоҷикистон дар Чин Парвиз Давлатзода изҳор дошт, ки филми истеҳсоли “Тоҷикфилм” “Оинаи беҷило” роҳи кинои тоҷикро ба бозори синамои Чин боз намуд. Ин нахустин филми тоҷикӣ мебошад, ки пас аз баргузории Ҷашнвораи байналмилалии синамои Созмони ҳамкории Шанхай дар Чиндао (2018) дар саросари Чин ба намоиш гузошта мешавад.

Соли 2019 Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” ва Раёсати давлатии кинематографияи Чин дар соҳаи истеҳсоли кино созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонда буданд.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here