Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов тасмим гирифтааст, ки мавсими 48-уми театриро бо намоишномаи “Эҳ, ҷавонӣ, ҷавонӣ” оғоз кунад.

Оғози мавсими нав санаи 21-уми сентябри соли ҷорӣ ба нақша гирифта шуда, намоишномаи “Эҳ, ҷавонӣ, ҷавонӣ” бори дигар ба саҳна гузошта хоҳад шуд.

Намоиши мазкур ба қалами шоир, нависанда ва драманависи тоҷик Меҳмон Бахтӣ тааллуқ дошта, онро коргардон Шавкат Халилов ба саҳна гузоштааст.

Нақшҳои асосиро дар намоишномаи мазкур ҳунармандони касбӣ ва ҷавони театри номбурда Моҳпайкар Ёрова, Насриддини Нуриддин, Шогун Давлатбекова, Бунёд Комилов, Назирмади Мӯсо ва дигарон иҷро кардаанд.

Ёдовар мешавем, ки Театри давлатии ҷавонон ба номи М.Воҳидов яке аз муассисаҳои пешқадами фарҳангӣ буда, дар Ҷашнвораи театрҳои касбӣ “Парасту-2019” бо намоишномаи “Вақте ки кӯҳҳо суқут мекунанд” аз рӯи асари Чингиз Айтматов дар таҳияи Нозим Меликов сазовори ҷои дуюм гардид.

Ҳамчунин, ҳунарпешаи ҷавони театри номбурда Шогун Давлатбекова барои нақшҳои ҷаззобу хотирмонаш ба гирифтани ҷоизаи “Беҳтарин нақши занона” мушарраф гардид.

Роҳбарияти театр ният доранд, ки коргардон Олимҷон Салимовро аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон даъват намуда, намоишномаи “Тарма”-ро аз рӯи асари драманависи турк Тунҷар Ҷуҷеноғлу ба саҳна гузоранд.

Ҳамаи шумо, дӯстдорони намоишномаҳои театриро санаи 21-уми сентябри соли равон дар Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов, дар суроғаи кӯчаи Неъмат Қарабоев 23 интизорем!

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here