Ҳунармандони Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ба шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафари ҳунарӣ анҷом медиҳанд.

Дар ин бора хадамоти матбуотии Вазорати фарҳанги кишвар бо такя ба АМИТ “Ховар” хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, сафари ҳунарии ҳунармандони театр аз санаи 13-ум то 19-уми октябри соли ҷорӣ идома ёфта, дар тӯли 28 сол нахустин сафари ҳунармандони тоҷик ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошад.

Давоми як ҳафта дар Театри вилоятии мусиқӣ-драмавии шаҳри Самарқанд ба номи Ҳамид Олимҷон намоишномаи мазҳакавии “Найрангҳои Майсара” дар таҳияи Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Шавқат Халилов ва намоишномаи бачагонаи “Бузаки ҷингилапо”-и Фаттоҳ Одина ба намоиш гузошта мешаванд.

Гурӯҳи ҳунармандон аз 33 нафар иборат буда, сафар таҳти роҳбарии муовини аввали директори Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ Нуруллоев Содиқ ва намояндаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here