Ровии телевизион ва муаллифи якчанд лоиҳаҳои хурду бузург Мубориз Усмонов бори нахуст дар филми мазҳакавӣ нақш офарид.

Мубориз дар филми “Саргузашти Алишер”, ки аз ҷониби студияи филмофарии “Суғдсинамо” рӯи навор омад ва тирамоҳи имсол ба экран мебарояд, яке аз нақшҳои асосиро иҷро кардааст.

Нақши Алишерро Сергей Уст, ҳунарманди Театри бадеӣ-драмавии Маскав ба номи Чехов бозида, Мубориз нақши дӯсти ӯ Рустамро офаридааст, ки нахустин нақшаш дар синамо мебошад.

“Наворбардории филми нав ба анҷом расид. Барои ман ин нақшофарии нахустин дар синамо буд. Ба мушкилиҳо нигоҳ накарда, фикр мекунам аз ӯҳдааш баромадам. Аммо хурсандиовараш он аст, ки охири моҳи август сабти филми нав шурӯъ мешавад ва нақши асосиро ман мебозам”,-навиштааст Мубориз Усмонов дар саҳифаи Инстаграми худ.

Ҳамчунин, ӯ аз он хушҳол аст, ки дар ҷодаи синамо одами нав аст, вале ба ин нигоҳ накарда бо ӯ кор кардан мехоҳанд.

Чуноне ки қаблан иттилоъ дода будем, наворбардории филми мазкур дар таҳияи коргардон Темур Султонӣ ба охир расид ва ҳоло корҳои банду баст ва танзими он идома дорад.

Гурӯҳи эҷодӣ ният доранд, ки филмро тирамоҳи имсол ба экран бароранд ва ин тӯҳфаи пурарзише бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ хоҳад буд.

Дар телеграм моро пайгирӣ намоед! https://t.me/padidatj

ШАРҲИ ШУМО

Please enter your comment!
Please enter your name here